Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаракати автобусҳоро  дар хатсайрҳои «ХуҷандӮш», «ХуҷандБотканд» ва «ИсфараБотканд»-ро барқарор кунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ин масъала зимни мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баррасӣ гардид. Ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва  ифтитоҳ шуда буданд.

Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи иқтидори транзитии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки барои интиқоли борҳои Қирғизистон аз қитъаи роҳи оҳани «Спитамен – Истиқлол – Спитамен»-и вилояти Суғд аз нав истифода бурда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь