Аз ҷониби маъмурияти Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб наздик ба даҳ ташкилоту идорае, ки аз ҳақи истифодаи барқ қарздор мебошанд, ба Суди иқтисодӣ дода шудаанд.

Роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб  Ҳамидулло Ғафуров ба хабарнигори  “Фараж” иттилоъ дод, ки айни  замон аз ҳақи истифодаи барқ ташкилоту идора, корхонаҳо ва дигар истифодабарандагон 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Гуфта шуд, ки аз ин қарз 41 миллиону 341 ҳазораш аз корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ, 2 миллиону 795 ҳазораш қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, 8 миллиону 899 ҳазораш аз насосҳову пойгоҳҳои обкашӣ ва беш аз 97 миллиону 402 ҳазори дигараш аз аҳолӣ мебошад.

Манбаъ зикр кард, ки барои саривақт насупоридани ҳақи истифодаи нерӯи барқ дар 10 моҳи соли ҷорӣ беморхонаи вилояти дар шаҳри Кӯлоб, меҳмонхонаи Хатлон, муассисаи равшанамоӣ, беморхонаи Зарқалъа, беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб, беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод,  Муассисаи давлатии боғи миллии Сомониён ва чанде аз идораҳои дигаро ба Суди иқтисодӣ додаанд.

– Суд ба манфиати идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб даъвоҳоро ҳал кард, аммо ин идораҳо то ҳол маблағи қарзашонро насупоридаанд, – афзуд манбаъ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь