Дар теппаи Қурғон, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маҳсуб гардида, мавзеи тамошои садҳо сайёҳи ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст. Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сохтмони он чораҳои зарурӣ андешанд.
Блоки рекламавӣ