Дар таваққуфгоҳи бози «Душанбе Мол» (Ашан) барномаи технологии бузургмиқёси «T-tech 2019» баргузор гардид.

Дар чорабини мазкур ҳунармандони эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Фирӯз Паллаев, Парвиз Назаров, Самандар Пӯлодов, гурӯҳи панҷнафараи «Роҳи Абрешим» ва «Monday Beat» -у гурӯҳи созию овозии «Западний Квартал” бо сурудҳои худ баромад карданд.

Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ҳамаи иштирокчиёни барномаро бо иди Наврӯз табрик намуда, дар бораи инноватсияҳои технологии ширкат сухан кард.

Барномаи мазкур аз ду қисмат иборат буд: технологӣ ва тафреҳӣ (фароғатӣ). Дар бахши технологии чорабинӣ ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, ки дар соҳаи фанноварии ҷадид фаъолият менамоянд, дастоварду комёбиҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Дар барнома  Wi-Fi фаъол буд, ки мушовирон барои боргирӣ, насб ва нишон додани роҳу усули кори замима ба хоҳишмандон кӯмак менамуданд.

Намояндагони ширкати Samsung телефони ҳушманд, ки смартфони оянда – Galaxy S10 ва телевизори бузурги тамғаи QLED TV муаррифӣ намуда, оиди функсияҳои фанновариҳои ҷадид нақл карданд. Ҳамзамон, шаҳрванд Ангубина Ҳамид соҳиби телефони мазкур гардид.

Ширкати Hyundai ду тамғаи мошини нави тавлидотӣ – Santa Fe ва Tucson 2019-ро ба намоиш гузошт.

Olu4a Taxi замимаи фармоиши таксиро муаррифӣ карда, ба онҳое, ки мехоҳанд дар телефонашон ин барномаро насб кунанд, кӯмаки худро расониданд.

Аввалин Бонки молиявии хурд дар мавриди хизматрасонии онлайнии бонк ва “Корти Осон”, шогирдони Dushanbe Makerspace дар бораи ихтирооту дастовардашон ба ҳозирин маълумот доданд.

Кинотеатри «Кайҳон» бо эълонҳо, аммо ширкати PMP Group бо тӯҳфаҳои хотиравӣ табъи иштирокчиёнро болида сохтанд. Боз як шарики «бомазза»-и чорабинӣ – ширкати Coca-Cola Tajikistan аз асрори маъруфияти ин нӯшоба дар саросари олам  сухан карда хамагонро бо иди Наврӯз муборак намуд.

Нигора Саидбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь