Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28-уми августи соли 1992 барқарор гардида, аз соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе фаъолияташро оғоз намудааст.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон бо кӯшишҳои тарафайн дар самтҳои гуногуни давлатдорӣ ба роҳ монда шудаанд. Давоми 30 соли муносибатҳо сафарҳои давлатӣ, расмӣ, омӯзишӣ, тиҷоратӣ сурат гирифтаанд. Байни ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудаанд, ки то ба имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ, рақсҳои классикӣ ва болливуд, таблнавозӣ, овозхонӣ ва омӯзиши йогаро ба роҳ мондааст, ки бо иштироки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Инчунин, дар сафорат китобхонаи дорои китобқои зиёд, аз ҷумла бо забони ҳиндӣ ва англисӣ бештар дар бораи сиёсат, таърих, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра мавҷуданд. Китобҳоро бисёр донишҷӯён ва муҳаққиқоне истифода мебаранд, ки мехоҳанд дар бораи Ҳиндустон ҳамчун як қисми таҳсили академияи худ маълумот гиранд.
ICCR (Indian Council for Cultural Relations) – яке аз барномаҳои стипендиявӣ мебошад, ки омӯзиши зиёда аз 20 намуд курсҳои гуногунро барои бакалавр, аспирант, доктор барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҳиндустон бо роҳбарии директории маркази фарҳангии сафорат Чуи Деогаокар ба роҳ мондааст. Барои иштирок дар курсҳои мазкур довталабони синну соли аз 18 то 30 метавонанд дархост равон намоянд. Ҳамаи довталабон аз имтиҳонҳои муқарраргардида гузаронида шуда, ғолибон барои таҳсил дар Ҷумҳурии Ҳиндустон пешбарӣ карда мешаванд. Донишҷӯён то ба охир расидани омӯзиш дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи хароҷоти таҳсил аз тарафи Ҷумҳурии Ҳиндустон пардохт карда мешавад. Ҳамасола тариқи барнома то 25 нафар довталаб ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Тариқи суроғаи http://a2ascholarships.iccr.gov.in маълумоти бештар дарёфт кардан мумкин аст.
ITEC ( Indian Technical and Economic Cooperetion Programme) – барномаи давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои омӯзиш ва баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз соли 1994 инҷониб фаъолият менамояд. Дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 1485 довталабро барои таҳсил дар Ҳиндустон сафарбар намудааст. Барномаи мазкур пурра аз тарафи Ҷумҳурии Ҳиндустон маблағгузорӣ гардида, хоҳишмандонро барои таҳсил дар донишгоҳҳои машҳури Ҳиндустон, ба монанди Central Detective Training Institute Hyderabad, Indian Istitute of Technology New Delhi) ва дигарон сафарбар менамояд. Омӯзиш дар самти беҳдошти саломатӣ, технологияи иттилоотӣ, омӯзиши забони англисӣ, муҳосиб, рӯзноманигорӣ, туризм ва ғайра равона шудааст. Ҳамасола зиёда аз 200 квота пешниҳод карда мешавад, ки бо супоридани имтиҳон дар сафорати Ҳиндустон довталабон қабул карда мешаванд. Довталабон аз тамоми идораву корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ метавонанд дархост пешниҳод намоянд. Барои иштирок дар барномаи мазкур (ITEC) довталабони синни 25-45-сола иштирок карда метавонанд. Инчунин, шахсони дорои маъюбият, ки мустақиланд, метавонанд иштирок намоянд.
Айни ҳол роҳбарии барномаи мазкурро дар сафорат котиби якум оид ба масъалаҳои тиҷорат ва савдо Джагдип Капур ба ӯҳда дорад.
Барои маълумоти бештар пайдо кардан, метавон ба ин суроға муроҷиат намуд: ITEC website http://www.itec.mea.gov.in.