Сардори Хадамоти гумрук генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб ва вазири молия Абдусалом Қурбониён аз вазифа барканор шуданд.

Баъд аз ҷаласаи солонаи Ҳукумат, ки президент ба кори Хадамоти гумрук эрод гирифт, бо қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори ин ниҳод Абдуфаттоҳ Ғоиб аз вазифааш барканор шудааст. Ба ҷойи ӯ дар ин вазифа генерал-майор Хуршед Каримзода, ки пештар ба ҳайси мувоини якуми сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ кор мекард, таъйин шудааст.

Дар ҷаласаи дирӯза кори Вазорати молия низ аз ҷониби президент ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд ва имрӯз вазири ин ниҳод Абдусалом Қурбониён аз мансаб барканор шуд. Сардори собиқи Кумитаи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода вазири нави Вазорати молия тасдиқ шудааст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь