Имрӯз дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот кадрҳои нав ба вазифа расиданд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати мудофиа ва муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» муовинҳо нав карда шуданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло – муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милӣ ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид – муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милӣ таъин гардиданд.
Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини вазири мудофиа озод гардид. Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломамад ба ин вазифа таъин гардид.
Ҳамчунин, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” озод гардид.