Аз 28-уми ноябр то 1уми декабри соли равон дар шаҳри Маскав ҳамоиши ҷавонони Русияву Тоҷикистон баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур дар қолаби гибридӣ (онлайн ва офлайн) баргузор гардида, он ба ҳамкории ҷавонони Русияву Тоҷикистон бахшида мешавад. Мавзуъҳои калидии ҳамоиш сайёҳӣ, ризокорӣ (волонтёрӣ) ва лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ хоҳад буд. Барномаи ҳамоиш аз боздидҳо ба шуъбаҳо ва созмонҳое иборат хоҳад буд, ки ҳамкории миёни ҷавонони русу тоҷикро таъмин ва густариш мебахшад. Барномаи ҳамоиш ҷаласаҳои коршиносон, дарси маҳорат ва зиёрати маконҳои таърихии Маскавро дар бар мегирад.

Ҳамоиши мазкур бо мусоидати Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Муассисаи федералии таҳсилоти олии буҷавии давлатӣ “МИРЭА – Донишгоҳи технологии Русия” (РТУ МИРЭА), Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ “Шӯрои миллӣ – Ассотсиатсияҳои ҷавонон ва кӯдакони Русия “, Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав оид ба омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ баргузор мегардад.

Дар раванди баргузории ҳамоиш тасмим гирифта мешавад, ки як муоҳада қабул ва роҳҳои ҳамкорие баррасӣ карда шавад, ки табодули ҳамкорӣ миёнии ҷавонони Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои гуногунро густариш бахшад.

Дар ҳамоиши мавриди назар ҷавонони аз 18 то 35 сола: намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва минтақавии ҷавонон, пешвоёни ҳаракатҳои ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, намояндагони сохторҳои татбиқи сиёсати ҷавонон дар Русия ва Тоҷикистон ширкат варзида метавонанд. Барои иштирок дар ҳамоиши мазкур ба ин пайванд: https://forms.gle/hxiDadV8jTPDSUoS7 ворид шавед. Муҳлати охирини пур кардани дархост 22 ноябри соли равон мебошад.

Абӯалӣ Некрӯзов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь