“Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – зери чунин унвон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сафирони ҷавони сулҳ аз кишварҳои минтақа – Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон фестивали сулҳ, ҳамгироӣ ва ҳунар доир гардид.

Ҷашнвораи сулҳ ва ҳунарҳои мардумӣ бахше аз барномаҳои “Сафирони ҷавони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон” аст. Дар ҷашнвора беш аз 200 нафар аз ҷавонони касбу кори гуногун, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва расонаӣ, устодони ҷавони донишгоҳҳо ва донишҷӯён, фарҳангиҳо ва ҳунармандон, тоҷирон аз 3 кишвар –  Афғонистон,  Покистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ташкилкунандаи фестивали «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон аз ҷониби нашрияи “Миллат” сурат гирифт. Муассиси нашрияи мазкур Адолати Мирзо қайд намуд, ки ҷашнвораи номбурда барои сулҳ ва ҳамгироии кишварҳо кӯмакрасон аст. “Барномаи мо тасмим дорад, ки барои кӯмаки ҳалли низоъ дар минтақа, барои тамоми фаъолони ҷомеаи маъданӣ ва бахсус қишри ҷавон ва пурэнержии минтақаро гирди ҳам оварад ва аз нерӯи инҳо ба манфиати сулҳ ва ҳамгироӣ истифодаи дуруст шавад”.

Дар ин ҷашнвора намояндаҳои сафирони 3 кишвар аз сулҳу дӯстии се кишвари дӯсту ҳамсоя суханронӣ намуданд. Ҳунармандони мухталифи ҳунарӣ, бавижа, сарояндагон ва навозандагони ин кишварҳо, ҳунарнамоӣ карданд.

Илова бар ин, фаровардҳо ва тавлидоти кишвари мизбони ҷашнвора –  Тоҷикистон  дар қолаби ҳунарҳои дастӣ, либос, осори таърихӣ ва ҷавоҳирот, китобҳо ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории ин ҷашнвора сулҳ ва  оштиро дар миёни насли ҷавони 3 кишвар ташвиқ ва тақвият карда ва фурсадҳои муносиберо барои эҷод ва густариши шабакаҳои кории онон муҳайё созад.

Ҷашнвораи сулҳи Душанбе бахше аз барномаҳои сафирони ҷавони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯбаи ин барномаҳо имсол чанд давраи омӯзишии музокира, миёнҷигарӣ ва роҳбарӣ барои сафирони ҷавони се кишвар баргузор гардид. 

Бояд тазаккур дод, ки «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маротибаи сеюм аст, ки доир мегардад. Қаблан он дар Исломобод аз ҷониби “MediaHouse”-и Покистон, дар Кобул аз ҷониби муассисаи “Медиотек”-и Афғонистон  ва инак дар Тоҷикистон аз ҷониби нашрияи “Миллат” дар Душанбе гузаронида шуд. 

Ҳамзамон, сафирони сулҳи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва ҳамзамон ҳунармандони кишварҳои дӯсту наздики Афғонистон ва Покистон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар, ба монанди «Кохи Наврӯз», НБО «Норак», Қалъаи Ҳисор боздид намуда, бо дастовардҳои сайёҳӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь