Рӯзи 18-уми сентябри соли равон дар толори “Ҳафт авранг”-и сафорати Афғонистон дар Душанбе бахшида ба ёдбуди ду абармарди ин кишвар – Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки саҳми онҳо дар сулҳи тоҷикон низ намоён аст, “Ҳафтаи шаҳид” баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад шумораи зиёди донишмандон, фарҳангиён, дипломатҳо ва рӯзноманигорон ширкат доштанд. Ҳамзамон, намояндагон аз Тоҷикистону Афғонистон, ки бевосита бо шахсияти ин ду нафар шиносоӣ доштанд, суханону ёддоштҳои худро баён намуда, руҳи ин ду шахси арзандаи афғонро шод намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур ҳама аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои ин ду абармард суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ дар сафорати Афғонистон, дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи шаҳид» таҷлил мегардад.

Аҳмадшоҳи Масъуд, 9-уми сентябри соли 2001 ҳангоми як ҳамлаи интиҳорӣ аз ҷониби ду зархариди араб вобаста ба шабакаи «Ал-қоида», дар минтақаи Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор ба шаҳодат расид.

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шурои Олии Сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар низ бар асари як инфиҷор 20-уми сентябри соли 2011 дар Кобул кушта шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь