Коргардони варзидаи синамои тоҷик Бақо Содиқов дар сӯҳбати телефонӣ шод буданашро аз банаворгирии филми “Исмоили Сомонӣ” изҳор дошта, гуфт, барои басифат ва миллӣ баромадани ин филм омодаи ҳама гуна ёриву роҳнамоӣ ҳаст, вале қувваи комили коргардониву таҳияашро дигар надорад.

Коргардони шинохтаи тоҷик, ки 13-уми июл 80-умин солгарди умрашро дар Бухоро ҷашн гирифт, дар сӯҳбати телефоние бо мо хабар дод, ҳоло кор мекунад. «Дар 80-солагӣ мо филми таърихие аз рӯзгори тақрибан 7 нафар фарзанди фарзонаи Бухоро, ки барои бақои ин шаҳр ҷоннисориҳо кардаанд, бардошта истодаем, ки дар 30-юми июл, насиб, манзури бинандагон мегардад. Ин 7 чеҳраи таърихии Бухоро на танҳо назири Инъомҷон Кароматов аз Бухоро, ҳамзамон Қосим Пирсиён аз Эрон, Юренов аз Русия, яке аз фарзандони барӯманди миллати ӯзбек, ҳамчунин як нафар қазоқ ва монандашон миллатҳои гунонгунанд, ки барои намоиши филм, гумон меравад, халқи бисёр аз миллатҳои гуногун ҷамъ меоянд. Ин аввалин таҷриба дар филмофарии Бухорост. Коргардонии филм ба ӯҳдаи банда асту писарам Улуғбек сенариянависи он ва мо бо маблағи худ филмро рӯи навор меоварем. Умеди калоне дорем аз он” – гуфт ӯ.

– Аммо филми мустанаде аз рӯзгорамон мебоист бардошта шавад, ки бо сабабҳои аёну ноаён то тирамоҳ ба мавқуф гузошта шуд, – бо таассуф зикр кард коргардон.

Бақо Содиқов аз зиндагии гузашта ёд намуда онро “бисёр аҷиб” хонд, ки бурду бохт ва шодиву ҳузни зиёдро бо худ дошт. Ӯ қайд кард, ки он чиро ки дар тавонам буд, бо тамоми қувва кӯшидам, ки ба анҷом расонем:

– Он чи ки мо мехостем, хеле ва хеле зиёд буд, вале моро пешпойӣ мемонданд ва қадамзанӣ барои мо хеле мушкил гардида буд. Фарзи мисол, баъд аз филмбардории “Адонис ХIV” таърибан 9 сол моро ба ҷабр аз саҳнаи синамо дур карданд, “Гирдбод”-и моро ба душворӣ қабул намуданд, “Бухорои шариф”-ро баъди даводавҳо ба озмунҳои байналмилалӣ бароварданд ва ҳамин гуна шуд, ки қисмати зиндагиямон сӯи хоки аҷдодӣ кашид. Медонед, ба бухориён як масалест, ки “оби дари хона – тира” мегӯянд…

Мавсуф чунин ёди Тоҷикистон кард: “ман соли 1995 бо дили реш ва оҳи сӯзон аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардам. Ҳеч гоҳ намехостам, ки Тоҷикистонро тарк кунам ва ин дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Аслан, медонед, ман барои зиёрати марқади аҷдодони худ ба Тоҷикистон рафта будам, аммо ин хоки бостон маро дар худ печонд, ҷазб кард ва дигар натавонистам аз он дил биканам. Тоҷикистонро ман ба ибораву ҷумлаҳо гуфта, тавсив карда наметавонам, он дар рӯҳу равони ман, бар қалби шикастаи ман ҷой гирифтааст ва дил кандан аз ин Ватан баробари ҷон кандан аст, ҷон кандан”.

– Вале гурӯҳе нохалафон маро бо фарзандонам таҳдид намудаву ба дасти онон силоҳ доданд ва водорам сохтанд, ки бо ашкҳои сӯзон тарки Тоҷикистон кунам. Ва ман аз Тоҷикистон ба Тоҷикистони дигар сафар кардам, аз Душанбе ба Бухорову Самарқанд рахти сафар бастам.

Коргардони тоҷик, ки ҳоло муқими Бухорои Узбекистон аст, аз пешниҳодҳои аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон шуда гуфта, илова кард, ки дигар дер шуда буд ва ман намехостам, ки бо ину он хариду фурӯшам кунанд. Ӯ, ки соли 2018 шаҳодатномаи шаҳрвандии Узбекистонро бо фармони Президент Шавкат Мирзиёев гирифтед, ҳоло мегӯяд бо он сафар карда наметавонад:

– Бале, бо он вуҷуд, ки ман зодаи Бухорои шариф ҳастаму ин ҷо бузург шудам, бо фармони Президент соли 2018 шаҳрвандии Узбекистонро соҳиб шуда, шаҳодатнома гирифтам. Хуб аст, ҳоло шаҳрвандӣ дорам, вале бо он ба дигар кишвар, алалхусусс ба Тоҷикистон бе “виза” сафар карда наметавонам.

Бақо Содиқов, коргардони варзидаи синамои тоҷик 13-уми июл дар Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1967 факултаи режиссёрии Донишкадаи театриву-мусаввириро дар Тошкант ва курсҳои олии сенаристон ва коргардони синамоиро дар Маскав хатм мекунад. Аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» ба ҳайси коргардони синамо кор кардааст. Филми “Адонис ХIV”-ро ӯ, ки соли 1977 дар ҳимояи дипломии худ ба навор гирифтааст, танҳо дар даврони бозсозӣ- соли 1986 дар экаранҳо намоён гашта, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст. Филми тамсилӣ дар бораи буз-ҷосуси махсус мебошад, ки  дар комбинати гӯштӣ тамоми рамаро ба куштор мебарад. Яке аз беҳтарин филмҳои коргардон – тамсилаи образноки назмии “Бухорои шариф” мебошад. Ҳамчунин филмҳои таҳиянамудаи Бақо Содиқов ба мисли “Гирдбод”, “Ҷосус”, “Ҷазира”, “Парандаҳои гилӣ”, “Аввалин будан мушкил аст” (филми ҳуҷҷатӣ) ва даҳҳои дигар дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкои Лотинӣ, Тошкент (ИҶШС, 1976) ва соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ гардидаанд.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь