Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Юнус раиси ҳукумати муваққати Бангладеш хоҳад шуд, хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба Ҷойнал Обедин, сухангӯи президент.

Ба иттилои хабаргузориҳо, ин тасмим дар мулоқот бо ҳамоҳангсозони ҳаракати донишҷӯён гирифта шудааст. Қарор аст, ки ҳайати ҳукумат дертар муайян карда шавад.

Юнус қаблан бо иттиҳоми зиёди молӣ дар Бангладеш зиндонӣ шуда буд. Ӯ дар соли 2006 барои Бонки Грамин ва фаъолияти пешқадами он ва барои “талошҳо дар эҷоди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” ҷоизаи сулҳи Нобелро гирифт.

Шайх Ҳасина, нахуствазири Бангладеш, дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ, ки боиси марги садҳо нафар шуд, истеъфо дод ва кишварро тарк кард.

Тазоҳуроти донишҷӯён бо талаби лағви низоми квота барои ҷойҳои корӣ дар хидмати давлатӣ моҳи июл оғоз ёфт. Дар ин муддат бештар аз 280 кас халок шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь