Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон кучаи Туғалангро ба номи Убайдуллои Файзулло, собиқ раиси ноҳия, ки ду сол қабл аз олам даргузашта буд, номгузорӣ карданд.

Рӯзи 9 июли соли 2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  иҷлосияи бистучоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  баргузор гардид.

Дар он ду масъала – тағйир додани номи баъзе кӯчаҳои шаҳраки Балх ва масъалаҳои кадрӣ баррасӣ гардида, қарорҳо қабул карда шуданд.

Ҳамин тариқ, номи кӯчаҳои зерини шаҳраки Балх тағйир дода шуданд:

  1. Гогол ба номи Аҳмади Дониш;
  2. Қазоқон ба номи Соҳилӣ;
  3. 1-уми май ба номи Рӯдакӣ;
  4. Калинин ба номи Спитамен;
  5. Румӣ ба номи Исмоил Сомонӣ;
  6. Туғаланг ба номи Убайдуллои Файзулло.

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  10 декабри соли 2022 аз олам даргузашта буд. Убайдуллои Файзулло тули фаъолияташ дар вазифаи раси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо рӯзноманигорон  ҳамкории зич  дошт ва  аз мушкиливу дастовардҳо озодона ҳарф мезад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь