Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва  маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар назар аст, ки 90 ҳазор аҳолии ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шаванд.

Директори Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияии ноҳияи мазкур Асадулло Миралиев гуфт, ки дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии деҳоти ҷануб бо харҷи 32 миллион долари ИМА 19 километр хатҳои обгузари ноҳия  аз нав карда шуда, 6 ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 6 ҳазор куб об бунёд мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин лоиҳа 8 ҷамоати  шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷумла Навобод, Золи Зар, Маданият, Гулистон, Навоӣ, Шаҳрак, Калилин ва Ҳалевард бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мешаванд. Гуфта шуд, 30 дарсади ин лоиҳа барои  барқарорсозии системаи канализатсия харҷ хоҳад шуд. Ӯ гуфт лоҳаи мазкур аз  моҳи июни соли  2023-юм оғоз гардида, моҳи  октябри соли 2025 -ум ба анҷом мерасад

Қайд гардид, ки қубурҳои обгузар соли 1963 насб шуда,  то ба имрӯз иваз нашуда буданду ба таъмир ниёз доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь