Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш масъулини ноҳия  аз намояндагони ВАО боисрор тақозо карданд, ки нишастгоҳи аввали толорро барои мақомоти қудратии ноҳия холӣ кунанд. Азбаски баҳс кашол ёфт, намояндаҳои 9 расонаи гуногун (дар маҷмӯъ 10 нафар) аз ин “меҳмондорӣ”-и ноҳиядорон, ки дар шаш моҳ як бор (манзур нишастҳо аст) воқеъ меафтад, рӯҳафтода шуда, бо нишони эътироз толорро тарк карданд.

Тафсилоти воқеа чунин аст, ки намояндагони чанд расонаи ҷумҳуриявӣ мисли солҳои пеш толорро аз курсиҳои пеш пур карда нишастанд. Қабл аз оғози нишаст дар ҳоле, ки раиси ноҳия Қурбон Юсупов дар толор ҳузур надошт, аввал як корманди ҳукумати ноҳия (худро муаррифӣ накард) ва баъдан худи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, яъне Бобоҷон Саидов, ки аз ҷумла таҷрибаи зиёди корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро низ дорад, гаштаву баргашта аз журналистон хоҳиш кард, ки курсиҳои сафи пешро зуд холӣ кунанд. “Инҳо барои нишастани роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия пешбинӣ шудаанд”, – шарҳ дод ӯ.

Аммо журналистон, ки чунин муносибатро дар ин ноҳия дар солҳои гузашта надида буданд, ҳайрон шуда, дар нишаст иштирок накарданро афзалтар донистанд. “Мо дар шаш моҳ як бор меҳмони шумоем. Ҳатто раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода сафи пеши толори ҳукумати вилоятро барои журналистон холӣ нигоҳ медорад. Ин чӣ муносибат аст?!”, – бо як овоз гуфтанд рӯзноманигорон.

Бояд гуфт, ки тибқи Амри Президенти кишвар дар шаш моҳ як маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад. Ин нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов, ки асосан бо ободкориҳояш дар ВАО ном баровардааст, аввалин бор дар таърихи ташкили нишастҳои матбуотии Тоҷикистон рӯзи  10-уми феврали соли 2022, соати 14:30, бе иштироки намояндаи 9 расонаи мустақил ва давлатӣ баргузор шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь