Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, аз чаҳор соли кори маъмурияташ ҷамъбаст карда, аз ҷанги Русия бо Укроин ёдовар шуд ва қайд кард, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ин кишвар натавонистааст ба аҳдофи стратегӣ даст ёбад.

Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар департаменти давлатии ИМА хабар дод. «Вақте Путин ба Укроин ҳамла кард, фикр мекард, ки Киевро дар чанд рӯз забт мекунад, аммо ҳақиқат ин аст, ки аз замони оғози ин ҷанг ман ягона касе ҳастам, ки дар маркази Киев истода будам, на ӯ. Путин ин корро накардааст”, –  гуфт Байден.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар се соли таҷовуз, “Путин натавонист ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шавад, ӯ натавонист Укроинро мутеъ ва NATO-ро нобуд кунад”.

Байден баъдан ду ҳадаферо баён кард, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия дар назди худ гузошта буд: муттаҳид кардани ҷаҳон барои дифоъ аз Укроин ва канорагирӣ аз ҷанги ду қудрати ҳастаӣ. “Мо тавонистем ҳардуро иҷро кунем. Ва имрӯз ҳам Укроин як кишвари озод ва мустақил ва дорои потенсиали ояндаи дурахшон аст”, – қайд кард президенти Амрико.

20-уми январ маросими савгандёдкунии президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп, ки дар интихоботи президентии ин кишвар 5-уми ноябри соли 2024 пирӯз шуда буд, баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь