Хабаргузории “Ориё-пресс”дар моҳи апрели соли 2001 бо ҳидояту ҳимояти Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд эҷод гардид. «Ориё –пресс» дар ҷанбаи Конуни “Ҳамбастагӣ”, ки умдатарин маркази фаъолиятҳои фарҳангиву хабарии Ҷабҳаи муқовимат буд, ташкил шуд .
Конуни “Ҳамбастагӣ”, ки таҳти назари доктар Муҳиддини Меҳдӣ, адибу донишманди афғонистонӣ фаъолият мекард, дар сохтори худ ҳафтаномаи “Ҳамбастагӣ”, моҳномаи илмиву пажӯҳишии “Ому” бо мудирияти устод Ҳамид Меҳрварз” ва бахши таълифу тарҷумаи китобҳои дарсии мактабро дошт.
Ҳадаф аз эҷоди хабаргузории “Ориё –пресс” бозтоби воқеиятҳои Афғонистон, ба вижа гузориши иттифоқоту ҳаводиси соҳотӣ, ки таҳти ҳокимияти Давлати исломии Афғонистон қарор дошт, гуфта мешуд.
Хабаргузории “Ориё –пресс” пас аз он ба маҳалли аслии пахшу нашри ахбори ҷабаҳоти ҷангу вазъияти мардум дар манотиқи таҳти ҳокимияти Давлати исломии Афғонистон мубаддал шуд. Ҳар ҳафта ду бюллетени хабарӣ ба забонҳои англисӣ, рӯсӣ, форсиву алифбои сирилик аз ҷониби “Ориё –пресс” ба нашр мерасид, ки ба тамоми дафотири давлатии Тоҷикистон, сафоратхонахоҳову намояндагиҳои созмонҳои байналмилаливу хабаргузориҳои тоҷикӣу хориҷӣ расонда мешуд.
Пас аз шаҳодати омир -соҳиб ва пас аз ин ки неруҳои Ҷабҳаи муқовимат тавонистанд шаҳри Кобулро аз ишғоли неруҳои ҷаҳлу таассуб озод созанд, хабаргузории “Ориё –пресс” ба Кобул интиқол ёфт
Дар Кобул ҳудуди ду сол хабаргузорӣ ба фаъолияти хеш, дар ҳоле ки камтарин имконотро дошт, идома дод, аммо саранҷом ба далели қатъи имконот ногузир шуд, дарашро бандад.
Дар ин вебгоҳ (www.ariapress.org) гуфта мешавад: «Ба ҳиммати теъдоде аз дӯстону муқовиматгарони азиз муваффақ гардидем то веб -сайти хабаргузории “Ориё –пресс”-ро роҳандозӣ кунем. Ҳадафи мо аз эҷоди ин веб -сайт ва роҳандозии муҷаддади фаъолиятҳои “Ориё –пресс” ҳамон ҳадафе аст, ки омир -соҳиби шаҳид дар бисту як сол қабл ба хотири он дастури эҷоди ин хабаргузориро дод ва он ҳадаф ҳамоно нашру пахши воқеиятҳои сарзамини обоии мо дар ростои таҳаққуқи амри муҳими дастрасӣ ба иттилоот аст».