Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои воксанҳои зидди COVID-19 субҳи имрӯз, соати 03:00, ба Тоҷикистон 1,5 млн воя воксани «Модерна»-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун ёрии башардӯстона ворид карда шуд.

Дар назар аст, ки вояҳои қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи воксантсия оғоз шавад. Гуфта мешавад, ки бо ин миқдор воксан 750 ҳазор нафар эм карда мешаванд.

Аз аввали соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар платформаҳои мавҷуда ба Ҳукумати ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати кумак дар фарогирии аҳолӣ бо воксанзанӣ муроҷиат намуда буд. Ҳангоми вохӯрии роҳбарияти вазорату идораҳо бо намояндагони департаментҳои Ҳукумати ИМА масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконияти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз 18-сола болои кишварро бо воксан фаро гирад. Гуфта мешавад, ки илми муосир исбот кардааст, ки маҳз бо роҳи воксанкзанӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст. Ин роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят миёни аҳолӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь