Кумитаи забон ва истилоҳот барои ронандагон дастури ҳусни суханварӣ ва ба мардум тарзи муошират дар ҷойҳои ҷамъиятиро омода мекунад, ки рӯзҳои наздик ба ронандагон ва мусофирон пешниҳод мегардидааст.

Ин нукта дирӯз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Беҳрӯз 15» зимни вохӯрии намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор зикр гардидааст. Дар ин вохӯрӣ ба ронандагон талаботи меъёрҳои қонуни забони давлатӣ фаҳмонида шудааст.

Риоя нагардидани меъёри забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулинро водор месозад, ки дар асоси қисми 6 моддаи 3-и қонуни мазкур фаъолият намоянд. Бахусус, меъёри забони адабӣ дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ бояд риоя карда шавад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамалу низомномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати БДА тасдиқ шудаанд, бояд аз ҷониби ҳар як ронандаи мусофирбар мавриди истифода қарор гиранд, гуфта шудааст дар ин вохӯрӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь