Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асри гузашта ҷанги хонумонсӯзу даҳшатноктарин буд. Талафоте, ки ин ҷанг ба сари инсоният овард, хеле гарон аст. Ҳамагӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 26 600 000 нафар ҳалок шуда, дар ҷаҳон тақрибан 4 триллион доллар ҳисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо дар хондан худ даҳшатноканд.
Ба гуфти шоир “Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд…” Солҳо иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯзро яке пайи дигаре аз байни мо мерабояд. Баъд аз 80 соли Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷанг ҳамагӣ 17 нафарро ташкил дода, аз онҳо ду нафар аз вилояти Суғд мебошанд, ки ин ҳарду зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Деваштич мебошанд. Онҳо Бибола Рӯзиматови 100-сола аз деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич ва Нозим Носирови 101-сола аз деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич мебошанд. Ҳастии ин қаҳрамонони майдони набард моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри онҳо расем, зеро онҳо барои Ватан, барои имрӯзи осоишта ҷангидаанд. 8-уми майи соли ҷорӣ гурӯҳи меҳмонон аз пойтахти кишвар ва маркази вилоят дар ҳайати Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Илҳом Бониёзов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба хонадони Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров ташриф оварда, кӯмакпулии яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 000 сомонӣ, кӯмакпулии яквақтаинаи раиси вилояти Суғд 15 000 сомонӣ ва ҳамзамон кӯмакпулии яквақтаинаи раиси ноҳияи Деваштич 3000 сомониро тантанавор супориданд. Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ паёми табрикии Президенти кишварро расонида, қайд кард, ки онҳо барои кулли сокинони кишвар шахсиятҳои азизу арзандаанд ва ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд. Мӯйсафедони садсола Бибола Рӯзиматов ва яксадуяксола Нозим Носиров бо меҳмонон суҳбати самимона ороста, изҳори миннатдории худро ба Президенти кишвар, ба раиси вилоят ва раиси ноҳияи Деваштич баён намуданд. Таъкид намуданд, ки раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода пайваста аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон буда, эҳтиромашонро ба ҷо меорад. Мӯйсафедон даст ба дуо мебардоштанду шукри тинҷиву осоиштагӣ ва фаровониву хушбахтии мардум мекарданд. Ҳар вақте, ки “… ба тинҷиву осоиштагиамон чашм нарасад…” мегӯянд, бинанда дарк мекунад, ки ин гуфтор аз забони онҳо дигаргунтару самимитар ва дардноктар садо медиҳад. Зеро онҳо замоне ҷангу куштору захму хуну маргу ҷудоиву гуруснагиву ташнагиро дидаанд. Ба қадри ин рӯзҳо аз ҳама бештар мерасанд. Пирони рӯзгордида худро фарзанди барои Ватан ҳамеша азиз меҳисобанду аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамнунанд. Бибола Рӯзиматов ҳангоми суҳбат бо Дилрабо Мансурӣ мегуфт: “Ба Президент раҳмат гӯед, миннатдориамро расонед…” Нозим Носиров, ки бо ҳамсарашон, ки 11 нафар фарзандро ба воя расонида, имрӯз даврони пирӣ мерасонанд, шукронаи даврони Истиқлол намуданд, ҳар маротибаи даст ба дуо бардоштан шукрона мекарданд, ки шаҳрванди чунин давлати осудаву ободанд. Дастагулҳои тақдимшударо ҳамсари 95 солаашон хушбахтона бӯй мекарданду ба ҳамдигар меҳрубонона муносибат мекарданд. Ин манзараро дида, кас сабаби дарозумрии ин пирони ҳамроҳ ба даврони якасраи пирӣ расидаро аз ҳамдигарфаҳмиву муҳаббат ба ҳамдигар донад, аҷаб нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 40 ва 56 баромади рангинеро барои меҳмонон тақдим намуданд. Ҳамаи онҳо либоси ҳарбӣ ба бар карда, дар васфи Ғалаба, Ватан, сулҳу Ваҳдат шеъру суруд хонда, мерақсиданд, ки ин ҳам бешак барои тарбияи ватанпарстии онҳо дарси муҳиме ба ҳисоб меравад. Расмҳои хотиравӣ гирифта, бо пирони гавҳарсифати кишвар хайрухуш карда, меҳмонон аз хонадони онҳо берун шуданд. Суруди “Катюша” аз паси меҳмонон садо медод. Ин суруд бори дигар ба ёди ҳамагон мерасонд, ки қадам задан дар сарзамини осоишта ин худ бахти бузург аст.
Озода Набиева,
Маратҷон Ҷабборов,
ноҳияи Деваштич