Соли 2020-ум ба вилояти Хатлон 28,2 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ  ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 6,9 миллион доллар зиёд аст, – гуфт роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш.

Иттилоъ дода шуд,ки аз маблағҳо 14,7 миллион долларашро сармояҳои мустақим ва 13,5 млн долари дигарашро дигар сармояҳо ташкил медиҳанд.

– Ба вилояти Хатлон аз 31 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки бештари маблағҳо ба Русия (37,8 дарсад), Чин (30,7 дарсад), Эрон (16,9 дарсад) ва  Аморати Муттаҳидаи Араб (5 дарсад) рост меоянд, – афзуд номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь