Субҳи дирӯз ба вилояти Хатлон 1 ҳазору 300 тонна ангишт ворид гардид, ки он ба ду минтақа Бохтар ва Кӯлоб фиристода шуд.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд,ки ин иқдом аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳо нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат ба роҳ монда шуд.
Гуфта шуд, ки сокинон ҳар як килограмми онро бо нархи 70 дирам харидорӣ мекунанд, ки ин аз нархи ангишти ба фурӯшбаровардаи соҳибкорон ду баробар арзон аст.
Ангиштро корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик” ба ин вилоят дастрас кард, ки аз ин иқдом сокинон шод шуданд.
Дар шаҳри Бохтар фурӯши ангишт бо нархи дастрас дар назди терминали мусофиркашонии шаҳр ба сокинони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он ба роҳ монда шудааст.
Блоки рекламавӣ