Ба хабарнигорони радиои “Озодӣ” ва телевизиони «Настояшее время» дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтаанд. Дар ин бора рӯзноманигори ҷабрдида Мулораҷаб Юсуфӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳодиса рӯзи 17-уми май, пас аз он рӯй дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори радиои Озодӣ, ки зери зарбу лат қарор гирифт, мегӯяд, ҳамлаварон нагуфтанд, кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, «аммо журналистонро хуб мешинохтанд ва ҳадафмандона дурбину телефонҳоро мехостанд».

«Имрӯз, соати 14, ба манзили Улфатхонум Мамадшоева рафта, сад метр дуртар аз хонааш суҳбат кардем. Вақте ӯ баргашт ва мо ба назди мошин расидем, ду нафар омада, ману наворбардорро заданд ва фақат мегуфтанд, телефону камераро диҳед. Якеаш гуфт, “Муллораҷаб, ба Худо, мепарронамат.” Ду-се мушт заданд. Телефону ҷузвдонро гирифтанд. Пулҳоро гардонда, чизҳои дигарро бо худ бурданд,” – нақл кард хабарнигори Озодӣ.

Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони «Настояшее время» мегӯяд, айни ҳодиса ба ӯ ва наворбардораш рӯй дод. Дақиқан, дар замоне ки барои сабти суҳбати Улфтахонум Мамадшоева ба хонааш рафта буданд.

Дар умум, ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ ва «Настояшее Время» аз онҳо панҷ телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд. Ба қавли Анушервон Орифов, ҳамлаварон гуфтаанд, хабарнигорон дастгоҳҳоро дертар хоҳанд гирифт, аммо нагуфтаанд, ки кай ва аз куҷо.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузории “Азия-Плюс” субҳи дирӯз, 17-уми май бо пахши як изҳорот эълом дошт, аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ мекунад. Ин хабаргузорӣ гуфт, бо инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар ВМКБ хатари басташавӣ таҳдидаш мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь