Ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 15 автобуси ҷамъиятӣ ворид карда шуд, ки онҳоро раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва дигар масъулон​ дар даромадгоҳи шаҳр қабул карданд.

Раиси шаҳр​ зимини қабули автобусҳо қайд, кард, ки ин иқдом бо дастгирии ҳукумати кишвар роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ беҳтар кардани​ хидматрасонии нақлиётӣ ба аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атроф аст.

– Мо нақша дорем, ин автобусҳо 10 рӯзи аввалро бепул ба мардум хизмат кунанд,​ то онҳо одат кунанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ беш аз 40 ҳазор корт роҳандозӣ шуда, хидматрасонӣ​ ғайринақдӣ мешавад ва барои маъюбону камбизоатон сабукиҳо оварда хоҳанд шуд, – илова кард шаҳрдори Бохтар.

Ба иттилои Сафаров Тоҷиддин, роҳбари гуруҳи тадбиқи нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон,​ имрӯз​ ​ 15​ автобус ба шаҳр​ ворид карда шуд. Рӯзҳои 7-8-уми моҳи августи соли ҷорӣ​ боз 26 автобуси дигар, яъне дар маҷмуъ 41 нақлиёти ҷамъиятӣ, ба шаҳр оварда мешаванд.

Ӯ қайд кард, ки аз 41 автобус 20 ададаш дар дохили шаҳр ба сокинон хизмат расонида, 20 адади дигар​ берун аз шаҳр хизмат мерасонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь