Роҳандозии маъракаи интихоботи президентии Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки бар асоси натиҷаҳои назархоҳии интихобот пирӯз шудааст, дар таърихи Қазоқистон сабт хоҳад шуд. Инро худи Тоқаев зимни суханронӣ дар назди аъзои ситоди худ изҳор дошт.

Пас аз эълони натоиҷи пешакии овоздиҳӣ Тоқаев бо аъзои ситод сӯҳбат кард ва маъракаи анҷомёфтаи интихоботро “таърихӣ” номид.

“Ин маърака бешубҳа дар таърихи мо боқӣ хоҳад монд. Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ эълон шуданд. Албатта, интизори натоиҷи расмии интихобот ҳастем. Бо вучуди ин, аз холо гуфтан мумкин аст, ки халқ ба ман хамчун президент ва ба ҳамаи шумо боварии комил изҳор кардааст», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Тоқаев, интихобот “мувофиқи қонун” баргузор шуда, ба ҳамаи номзадҳо ба мақоми президентӣ “имкониятҳои баробар” дода шуданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 82% ба тарафдории Тоқаев овоз додаанд. Бахши дигаре аз бештари интихобкунандагон зидди ҳама номзадҳо овоз додаанд.

Дар нимаи аввали соли оянда дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь