Котиби матбуотии президенти Қазоқистон Руслан Желдибай пешниҳоди вакилони парлумон дар бораи баргардонидани номи пойтахти ҷумҳурӣ – Остонаро эълон кард.

Ин пешниҳод ба баррасии Шӯрои конститутсионӣ пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи Желдибай, дигар иншооте, ки ба номи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шудаанд, иваз нахоҳанд шуд.

«Пешниҳоди вакилони парлумон бо ризоияти сарвари давлат ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид карда шудааст», – навиштааст Желдибай дар Фейсбук.

Котиби матбуотӣ қайд кардааст, ки сарвари ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев нақши Назарбоевро дар рушди Қазоқистон таърихӣ медонад.

«Бинобар ин, дигар иншооте, ки ба номи президенти аввал гузошта шудаанд, бояд номи худро нигоҳ доранд», – афзуд ӯ.

Рӯзи 2 сентябр гурӯҳи парлумонии «Қазоқистони нав» пешниҳод кард, ки Нур-Султон ба номи пештарааш Остона баргардонида шавад. Номи пойтахти Қазоқистон ба шарафи президенти нахустини ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев моҳи марти соли 2019 иваз карда шуд. Қабл аз ин шаҳр низ чандин маротиба номи худро дигар кардааст. Вакте ки соли 1830 таъсис ёфта буд, он Акмолинск номида шуд. Аз соли 1961 то соли 1992 Селиноград ном дошт. То соли 1998  Акмола ва сипас ба Остона табдил ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here