Масъалаи тарки соҳа кардани беш аз 2 ҳазор омӯзгор соли гузашта дар нишасти хабарии Раёсати маорифи вилояти Хатлон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ буд, аммо имсол масъулони Раёсат бо хушнудӣ иттилоъ доданд, бештари омӯзгороне, ки тарки соҳа карда буданд, дубора баргашта, барои ба кор қабул шудан муроҷиат кардаанд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода гуфт, барои ба кор қабул кардани 600 омӯзгор муроҷиат шудааст, ки аксари онҳо омӯзгороне ҳастанд, тарки соҳа кардаву ба муҳоҷират рафта буданд.

– Ин омӯзгорон аз аввали соли таҳсил ба кор қабул карда мешаванд, – илова кард номбурда ва гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои вилоят норасоии кадрӣ беш аз 800 нафарро ташкил медиҳад.

Олимӣ Ашуралӣ, собиқ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии охири соли 2021 гуфта буд, ки аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 2 ҳазору 67 нафар омӯзгор корро тарк кардаву ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки баъди он норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифи  вилоят зиёд мушоҳида карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь