Шаҳрдории Душанбе охири ҳафтаи гузашта хабари тахриб ва бозсозии осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти навини тоҷикро тасдиқ кард, ки вокуниш, эрод ва муроҷиатҳои равшанфикрон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пай овард.

Бар асоси хабарнома, ин ниҳод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои “ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди осорхонаи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намудааст”. Вале ин қарор ҳоло ниҳоӣ нашуда, дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад ва ба ҷои он бунёди бинову иншооте пешбинӣ нагардидааст.

Бо ин ҳол, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ доранд, ки тайи чанд соли ахир шаҳрдорӣ ва Ҳукумати кишвар биноҳои таърихиро хароб мекунанд ва ба ҷояш биноҳои баландошёнаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд менамоянд. Зумрае бар ин назаранд, ки бо тахриби биноҳои таърихӣ “таърихи 80-солаи пойтахт таҳриф мешавад”.

Абдуқодир Рустам, нависанда ва таҳлилгар шаҳрнишинон ва шаҳрдоронро ба ин мутақоид месозад, ки маънои шаҳр ва шаҳрнишинӣ бино намудани ошёни 16 ва 20 табақа нест, риояти одоби шаҳрнишинӣ ва тамаддунофаринӣ аст.

– Айнӣ аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳкурсии он бунёд ёфтааст. Ва акнун мо мардуми қадршиносу шукргузор ба ҷойи он ки қадамгоҳи ӯро ҳифз бикунем, мехоҳем ягона хонаашро дар пойтахти кишварамон хароб намоем, – менависад Абдуқодир Рустам.

Умед Ҷайҳонӣ, таҳлилгар ва забоншинос менависад, нобуд кардани хонаи Айнӣ баробар аст бо оромгоҳашро кандану устухонҳояшро берун афкандан.

Дар ҳамин ҳол, Додоҷон Атовуллоев, журналисти муқими Олмон шаҳрвандонро бар дифоъ мехонад: Коммунистӣ ё демократ, исломӣ ва ё зардуштӣ, муҳоҷирӣ ё вазир – агар заррае инсоф дорӣ, имрӯз бояд дар як сангар ва як ҷабҳа бошӣ: дифоъ аз Айнӣ – дифоъ аз таърих, дифоъ аз номус, дифоъ аз Истиқлол аст.

Марямбону Фарғонӣ, рӯзноманигор ва нависанда дар пайи ин хабарҳо ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, тахриби осорхонаи Садриддин Айниро “кори ҳароина нодуруст ва муқобили арзишҳои миллӣ” мехонад.

– Хонаи устод дар маънӣ воқеан болотар аз як бинои одист. Ин хона ҷоест, ки устод андар он на танҳо бархе аз асарҳои гаронарзиши худро нигоштаанд, балки маконест, ки он ҷо осоиш ёфтаанд, барои дар амал татбиқ кардани ормонҳои миллии хеш андеша рондаанд ва охирин рӯзҳои умри худро сипарӣ кардаанд. Бо чанд ҷиҳози шахсии устодро нигаҳ доштан, наметавон дар ҷойи нав он рӯҳияеро барқарор кард, ки Садриддин Айнӣ пас аз худ абадан дар ҳуҷраҳои манзили худашон гузоштаанд, -мавсуф менависад дар саҳифаии фейсбукиаш.

Ҳамзамон, Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори маъруф бо мактуби кушода ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дорад, музейи ояндаи Айнӣ дар ҷои ҳозирааш бо ҳифзи ҳавлии устод бояд чунин бошад:

  1. Пештоқи мадрасаи Кӯколдош, ки устод Айни таҳсили илмӣ карда буд. Аз дарвозаи боҳашамати пештоқаш баланди он зиёраткунанда вориди комплекс мешавад. Дар ҳамин иморати мадрасамонанд, кормандони илмӣ, ходимон, роҳбарият, техникҳо, васоити таъмини барқу гармдиҳӣ, об ва ғайра ҷой мегиранд. Ягар як бахши Институти забону адабиёт ҷой гирад, боз беҳтар аст.
  2. Ҳавлии устод дар зодгоҳашон дар Бухоро. (Бо мактаби кӯҳнае, ки дар он хондаанд).
  3. Зиндони амирӣ баъди ҷазои 75 чӯб ва бемористони Когон.
  4. Ҳавлии самарқандии Айнӣ, таъсиси мактабҳои нав, нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд бо роҳбарии Айнӣ.
  5. Ҳавлии душанбегии Айнӣ ва интихобшавиаш ба мансаби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.
  6. Толори асарҳои чопшудаи Айнӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он. Баҳои адибону олимони бузурги ҷаҳон ба мақоми Айнӣ.
  7. Толори намоиши осори синамои устод, филмҳо дар бораи ӯ ва навори спектаклҳои аз рӯи асарҳои ба саҳна гузошта шуда.
  8. Осори шогирдону пайравони устод Айнӣ, фарзандону пайвандони устод Айнӣ.
  9. Саҳми устод Айнӣ дар насру адабиётшиносии Ӯзбекистон.
  10. Толори осор ва симои Айнӣ дар санъати тасвирӣ.
  11. Бӯстонсаройи самарқандии устод Айнӣ бо дарахту току гулҳои садбарги қадима, ки дӯсташ медоштанд.

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь