Мо 12 нафар донишҷӯи факултети журналистика  ба ток-шоуи “Гап аз гап”, ки дар доираи MediaCAMPFest бояд доир мешуд, раҳсипор гардидем. Аз “Шаҳраки донишҷӯён” то ба бинои “Кохи Суруш” атрофи амалияи журналистика ва лоиҳаҳое, ки барои дастгирии ҷавонжурналистон тарҳрезӣ мешаванд, мубоҳисакунон қадам мезадем. Ба ҳамдигар мегуфтем, ки барои чунин лоиҳа аввал забономӯзиро нағз ба роҳ мондан даркор. Ҳуши ҳамаамон ба он банд буд, ки дар ток-шоу журналистони номдор бобати масъалаҳои муҳими соҳа чи ибрози  назар мекунанд.

Ниҳоят журналистони номии кишвар ҷамъ шуданду ток-шоу бо нутқи Орзу Исо сар шуд. Ӯ гуфт, ки мавзӯи баҳси ток-шоуи “Гап аз гап”  ба меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ нигаронида шудааст.

Агар журналист айни ибрози назар имкониятҳои ҷисмониву равонии ҳамкасбашро ишора карда, ба таҳқиркуниву пастзанӣ роҳ  диҳад, хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дониста мешудааст. Ин нуктаро дар аввали баҳси журналистон, ки дар асоси маводи худашон  ровии ток-шоу мисол овард, ҳосил кардем.

Дар хусуси набудани дастгирӣ ва ҳамраъйии касбӣ низ таваққуф шуд. Масалан, дастгирӣ наёфтани хабарнигори “Азия-плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки чанде пеш ба латукӯби шадид мувоҷеҳ шуда буд, диққат дода шуд. Бештарини журналстон гуфтанд, ки соҳибдиплом будани журналист муҳим нест, асос ин аст, ки  бо ҳисси ватандӯстиву миллатдӯстӣ рисолати журналистиро ба сомон расонад.

Котиби масъули Шӯрои ВАО Зеваршоҳи Муҳаммад гуфт, ки нақзи  банди 16-и   меёърҳои ахлоқӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 1 ҳолат буд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ  9 ҳолати  нақзи ҳамраъйии журналстон  мушоҳида шудааст. Гуфта шуд, ки журналистон ба хотири амнияти шахсӣ ба худсонсурӣ роҳ дода, аз баррасии  мавзӯҳои муҳим худдорӣ мекунанд.

Иқдоми деринаи сардабири газетаи  “Фараж” Хуршед Атовулло, ки барои бо  кори амалии журналистика фарогир шудани донишҷӯёни факултети журналистика мусоидат мекунад, хуш пазируфта шуд. Номбурда мегӯяд, донишҷӯён  ба ғайр аз дарсҳои донишгоҳӣ дар МТЖТ аз курси  6-моҳаи омӯзиш мегузаранд, ки ин барои журналист шудани онҳо нақш мегузорад.

Ток-шоуи “Гап аз гап” бо ёди поки журналистоне, ки имсол даргузаштанд, ҷамъбаст  шуд.

– Муҳим нест, ки мо чи ақидаву назар дорем, муҳим ин аст, ки мо якдигарро шунида тавонем, дар мавқеи  як инсони комил инсон бимонем, – таъсирбахшона гуфт Орзу Исо дар хотима.

Мо донишҷӯён баробари тамом шудани ток-шоу  журналистонро  ба иҳота гирифта, саволборон кардем. Дар ҳамин асно  устод  Раҷаби Мирзо ба унвони мо навкорони соҳа таъкиди баҷо кард, ки овардани он ба фоидаи кор аст:

“Ягон касро танқид карданӣ ҳастед!? Пас, ҳама вақт дар ёд доред! Агар танқидатонро рӯ ба рӯ истода, ба чашми он нафар нигариста гуфта тавонистед, пас танқиди шумо дуруст аст ва аз пайомади он натарсед!”.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Бисёр токшоуи саривакти. Мавзуи нав барои барномаи навбатии токшоу: Грантхое, ки дар хачми 530 хазор доллар ва 260 хазор евро барои ташкил ва рушди бунгоххои хабари дар минтакахои Точикистон чудо шуда буданд, кучо шуданд? Кихо ин микдор маблагро ба чигилдон заданду дачахои бохашамат сохтанд?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь