2-юми февралро рӯзноманигорон бо нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб оғоз карданд. Дар идома 12 ниҳоди дигар, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати адля, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки кишвар оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Ин дар ҳоле гузашт, ки ҷомеаи рӯзноманигорӣ вокуниш ва эродҳои худро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ коштанд. Гурӯҳе аз журналистон ин навъ барномарезиро «иҳонат ба ҷомеаи расонаӣ ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ва арзишҳои демократие чун озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ» дониста, қисми дигар шӯхиомез «чоршанбеи корӣ» номиданд ва баъзе аз онҳо имрӯзро аз «таърихитарин рӯзҳои корӣ» дар ин самт донистанд, ки собиқа надошт.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонку корхона ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 282,8 млн сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кард, менависад Азия-Плюс (инҷо ва минбаъд).
Раиси ин ниҳод Қарахон Чилазода 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар соли сипаришуда 274 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.
– Дар ҷараёни санҷишҳо ба маблағи 282 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, дар муқоиса бо соли пешин (с.2020) шумори иншооти санҷидашуда 26 адад кам ва маблағи зиёни молиявии ошкоргардида 30,5 млн сомонӣ афзуд, – иброз дошт вай.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии 2-юми феврал, ки ба иттилои хабарнигорон ин ниҳод мавҷи алоқа ва интернетро кушт ва нишасташ 15 дақиқа идома кард, гуфт, дар пайи даргириҳои шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст.
Прокуратураи генералӣ, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ «парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти муайян гунаҳкор мешаванд ва тафтишот давом дорад».
Аммо Юсуф Раҳмон нагуфт, ки ин парвандаҳо алайҳи чанд нафар ва бар асоси кадом моддаҳои ҷиноӣ боз шудаанд
– Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд, бархеи дигар дар кофтукоб қарор доранд ва дар сурати дастгир шудан мо онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем, – илова кард додситони кулли Тоҷикистон.
Ҳамзамон, ин ниҳод таъйид намуд, ки муовини прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар пайи парвандаи Мадина Мамадҷонова барканор шуд, аммо алайҳи ӯ ҳеч парвандае боз нашудааст.
Юсуф Раҳмон гуфт, дар ҳақиқат муовини прокурори ноҳияи Сино барои назорати нодурусти татбиқи қонун дар қазияи лату кӯб ва ба марг расонидани Мадина Мамадҷонова барканор шуд.
– Ин прокурор айни ҳол дар ҳисоби кадрҳои захиравии мақомот қарор дорад, – илова дошт Юсуф Раҳмон.
Вале Вазорати корҳои дохилӣ дар ин нишасти худ гуфт, Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ, худаш ба Тоҷикистон омад ва баъдан боздошт шуд.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон гуфт, Аловатшоев бар асоси дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт ва истирдод шуд.
– Нисбати Амриддин Аловатшоев бо моддаи гаравшонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар амалҳои хусусияти ҷиноятидошта парванда боз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, – гуфт сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ин ниҳод Шодӣ Ҳафиззода.
Дар нишасти хабарии 2 феврал дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба хабарнигорон ҳушдор дода шуд, ки танҳо як савол дода метавонанд. Вазир 40 дақиқаи нишасти матбуотӣ, ки соати 10:00 оғоз шуд, барои мутолиаи варақаи иттилоотӣ, ки дар соли 2021 дар сомонаи ниҳод интишор шудааст, сарф кард, ки «АП» дар ин бора менависад.
Тоҷикистон тариқи созмонҳои байналмилалӣ кумак бо маҳсулоти хӯроквориро ба Афғонистон ба нақша гирифтааст. Муҳриддин Сироҷиддин, вазири ВКХ дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш таъкид дошт, ки айни замон вазорату идораҳои марбута дар ин самт чораҷӯӣ намуда, ба наздикӣ интиқоли кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон оғоз мегардад.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳукумати Толибон бетағйир боқӣ мемонад.
Агентии зиддифасоди Тоҷикистон бошад, дар соли 2021 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муасисаҳои буҷетӣ 353 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуда, 324 млн сомонии онро ба буҷет барқарор кардааст. Аз ин 110 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатӣ ва 214 млн сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.
Сулаймон Султонзода, раиси ин агентӣ дар нишасти хабарии 2-юми феврал ҳамзамон гуфт, ки дар соли гузашта 17 ҷинояти вобаста ба фурӯхтани чиптааи ҳавопаймо дар гузаргоҳҳои сарҳадиро ошкор кардааст.
– Масалан, як корманди фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон барои фурӯхтани 46 адад чипта, 429 ҳазор сомонии аҳолиро гирифта, ягон амал иҷро накардааст, – афзуд Султонзода.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии 2-юми феврал изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли гузашта (с.2020) аст.
Бо такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол 22,9% афзудааст, ки байни кишварҳои Иттиҳод натиҷаи баландтарин мебошад.
Кумитаи андози ҷумҳурӣ бошад, аз барзиёд иҷро шудани нақшаи солонааш иттилоъ дод: нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 100.7% иҷро шуда, ба ҷойи 13 млрд. 612.2 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722.0 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101.0 млн. сомонӣ зиёд аст, гуфт ин ниҳод.
Дар соли 2021 содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия ва Афғонистон афзоиш ёфтааст. Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода 2-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳаҷми умумии содирот 32 фоиз ё 572 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 68 фоиз ё 1 214,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.
– Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Қазоқистон – 20,2 фоиз, Туркия – 13 фоиз, Чин – 8,9 фоиз, Узбекистон – 7,1 фоиз, Белгия – 5 фоиз, Афғонистон – 4,6 фоиз ва Русия – 4,1 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт сарвари ин ниҳод.
Пӯшиши аксари нишастҳои ин рӯз аз ҷониби расонаҳо ва хабаргузориҳо идома кард, аммо ин таҷриба дар минбаъд низ ба кор меравад ва ё на, маълум нест.