Сарони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар як баёнияи муштарак аз Эрон даъват карданд, ки аз ҳамла ба Исроил худдорӣ кунад.

«Мо аз афзоиши ташаннуҷ дар минтақа сахт нигарон ҳастем ва дар тааҳҳуди худ ба паст кардани шиддат ва суботи минтақа якдил ҳастем. Дар ин замина ва ба вижа, мо аз Эрон ва муттаҳидонаш даъват мекунем, ки аз ҳамлаҳое худдорӣ кунанд, ки ташаннуҷи минтақаро боз ҳам ташдид мекунанд ва имкони музокира дар бораи оташбас ва раҳоии гаравгонҳоро зери хатар мегузоранд”, гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳороте, ки дар вебсайти ҳукумати Бритониё нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин кишварҳо аз кори пурмашаққати шарикон дар Қатар, Миср ва Амрико барои расидан ба созиш дар мавриди оташбас ва раҳоии гаравгонҳо истиқбол кардаанд.

Қаблан раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён гуфта буд, ки Теҳрон “ишғолгарони террорист”-ро, ки масъули марги Исмоил Ҳаниё, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, аз кори кардаашон пушаймон хоҳад кард.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки Исроил метавонад ба Эрон ҳамлаи ногаҳонӣ анҷом диҳад. ИМА ва Исроил намедонанд, ки ҳамлаи Эрон чӣ гуна хоҳад буд, зеро ба бовари онҳо, Теҳрон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст ва гумон аст, ки ҳамоҳангӣ бо шахсони боэътимоди худро ба анҷом расонда бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь