Дар соли 2022 дар минтақаи Аврупо наздики 15 ҳазор нафар аз гармии аз ҳад зиёд ҷон бохтанд. Ин дар гузорише, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт (WHO) мунташир кардааст, зикр шудааст. Ҳуҷҷат дар конфронси СММ дар бораи тағирёбии иқлим  дар Шарм-аш-Шайхи Миср ироа шуд.

Ҳамин тавр, танҳо дар тобистон дар Олмон тақрибан 4,5 ҳазор нафар, дар Испания 4 ҳазор, дар Британияи Кабир 3,2 ҳазор, дар Португалия беш аз 1 ҳазор нафар бар асари гармӣ ё шадидшавии бемориҳои музмин фавтиданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, шумораи умумии фавтҳо метавонад афзоиш ёбад, зеро маълумоти бештар аз кишварҳои дигар ворид мешаванд.

Аз ҷумла, Фаронса муайян кард, ки аз 1-уми июн то 22-юми августи соли ҷорӣ мизони марг дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 (соли гузашта пеш аз пандемии COVID-19) 11 000 нафар бештар будааст. Сабабҳои дақиқи ин ноҳинҷориҳо ҳанӯз муайян карда нашудаанд, аммо гузинаи асосӣ ҳоло ҳам гармӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here