Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар даври гуруҳии интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ кард ва мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Дар бозиҳои даври интихобӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ҷавонони Тоҷикистон нахуст дастаи Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Голи ягонаро Ваҳдат Ҳанонов зад. Сипас, дар бозии дуюм ба дарвозаи дастаи олимпии Непал шаш голи беҷавоб зада шуд.
Дар даври охирини ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд.
Тибқи низомнома, пас аз анҷоми даври гуруҳии Ҷоми Осиё-2022 ғолибони гуруҳҳо ва чор дастаи беҳтарин ҷойҳои дуюм ба қисмати финалӣ, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Аз гуруҳи В дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд.
Дар финали Ҷоми Осиё Узбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар (гурӯҳи “А”), Эрон (“В”), Ироқ (“С”), Кувайт (“D”), АМА (“Е”), Урдун (“F”), Австралия (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Вйетнам (“I”), Малайзия (“J”), Ҷопон (“К”) аз ҷои аввали гурӯҳҳо, дастаҳои Тайланд (“J”), Арабистони Саудӣ (“D”), Туркманистон (“F”) ва Тоҷикистон (“В”) аз ҷойи дуюми гуруҳҳо ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.