Ҷавонони вилояти Хатлон соли 2019-ум 1 ҳазору 402 ҷиноят содир кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 94 ҷиноят зиёд аст.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода имрӯз дар нишасти хабарӣ қайд кард, ки бештари ҷиноятҳои содирнамудаи ҷавононро дуздӣ ташкил медиҳад.

– Ҷинояти дуздӣ миёни ҷавонон сол то сол зиёд шуда, дар соли гузашта 350 ҳолатро ташкил кард, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 ҳазору 402 ҷинояти содиршуда аз ҷониби ҷавонон 102 ҳолати онро ҷавондухтарон содир кардаанд, ки аз онҳо 16 нафар донишҷӯи донишгоҳу донишгоҳҳо буданд.

– Ҳоло дар вилояти Хатлон 1 миллиону 77 ҳазору 300 нафар ҷавон зиндагӣ доранд, ки аз онҳо 534 ҳазору 700 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, – илова кард Фариза Абдуллозода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь