Дирӯз расонаҳои Русия хабар доданд, ки як ронандаи таксӣ, ки аз ӯ “шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон” ном мебаранд, шоми якшанбе дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург бераҳмона кушта шудааст. Манобеъ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ 24-уми январ ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ҳамлаварон гардану қафаси сина ва пушти сари ӯро буридаанд.

Як намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург гуфт, аз ҳодиса хабар доранд ва ба таҳқиқи он пардохтаанд. Назар Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикон (“Сомониён”) дар Санкт-Петербург, рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, муҳоҷири кушташудаи тоҷик Давлатов Эмомалӣ Муҳаммадзарифович, сокини шаҳри Ваҳдат, будааст. Хабаргузории ТАСС навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2021 бо патент дар Русия кор мекард. Мирзода гуфтааст, тибқи иттилое, ки онҳо гирифтанд, ҷавони тоҷик се мусофири русро бо таксии худ ба фурудгоҳи Пулково бурда, дар натиҷаи ҷанҷол бар сари роҳкиро кушта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь