20-уми ноябр дар кишвари Қатар Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ширкати 32 дастаи беҳтарини дунё оғоз шуд. Бозиҳо дар 8 варзишгоҳи 5 шаҳри Қатар баргузор мешаванд.

Шигифтиҳо дар бозиҳои аввали мусобиқа зиёданд. Аввал ин, ки мухлисони қатариҳо – мизбонҳои мусобиқа аз бохти дастаашон дар бозӣ бо Эквадор шигифтзада шуданд. Валенсияи эквадорӣ дар бозии нахусти Ҷоми ҷаҳон-2022 ба дарвозаи Қатар 3 гол зад, аммо хет-трик нашуд, зеро як голи ӯро ба ҳисоб нагирифтанд. Ин бозӣ бо натиҷаи 2:0 бар нафъи Эквадор ба анҷом расид.

Дар бозии дуюм, ки Англия бо Эрон бозӣ кард, аввалин шигифтӣ ин буд, ки бозигарони эронӣ суруди миллии кишварашонро насароиданд. Гуфта мешавад, ки ин эътироз ба ҳукумати кишвар ва ҳамраъйӣ аз эътирозгарон аст, ки чанд моҳ мешавад, садо баланд мекунанд. Шигифтии дигар ин буд, ки англисҳо ба дарвозаи Эрон 6 гол заданд. Ин буд, ки бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуданд. Зам шудани 24 дақиқаи изофӣ ба ин бозӣ аз шигифтиҳои дигари ин бозӣ буд, ки таърихи Ҷоми ҷаҳон ёд надорад.

Дар бозии сеюм шигифтии назаррасе набуд, ба ҷуз аз он ки Сенегал бозиро бар Нидерланд бохт ва ба ақидаи мухлисон ин шикаст ҳаққаш набуд – 0:2.

Шигифтии бозии чорум ин буд, ки аз ҷониби амрикоиҳо ба дарвозаи Велз писари президенти Либерия (кишвар дар ғарби Африқо) Ҷорҷ Веа – Тимотӣ Веа гол зад. Ба голи задаи ӯ Бейл аз пеналтӣ ҷавоб гардонд – 1:1.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь