Дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва шарикони рушд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” марбут ба қабул ва дастрас намудани кумакҳои башардӯстона вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нав (COVID-19), аз тарафи Ҷамъият як қатор тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шудааст.

Бо дастгирии шарикони рушди Ҷамъият, яъне Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Салиби Сурхи Олмон ва Занони Созмони Миллали Муттаҳид лоиҳаҳои дахлдор оид ба пешгирии коронавируси нав (COVID-19) дастгирӣ ва роҳандозӣ карда шудаанд.

Мақсад ва моҳияти асосии лоиҳаҳои мазкур ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ байни аҳолӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии коронавируси нав (COVID-19) ба ҳисоб меравад.

Яке аз самтҳои муҳимтарин ва қадами аввал баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатарҳои коронавирус ва бемориҳои дигари гузаранда мебошад. Дар ин самт кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (2100 нафар), ки аз омӯзишҳои махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии кишвар (Муассисаи Давлатии Маркази Ҷумҳуриявии Ташаккули Тарзи Ҳаёти Солим) гузаштаанд, хона ба хона, мактаб ба мактаб, кӯча ба кӯча мегаштанд ва ба ҳамагон доир ба муҳим будани риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тарзи дурусти риояи ин қоидаҳо маълумот медоданд.

Махсусан, дар мактабҳо қоидаҳои оддие, ба монанди чӣ гуна пайваста шустани дастҳо, пӯшидани ниқобҳо ва дигар қоидаҳои беҳдоштиро нишон медиҳанд. Дар мактабҳо, барои ҷолиб ва хотирмон гузаштани ин дарсҳои беҳдоштӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз озмунҳои хурд ва ҳадяҳо кор мегирад. Дар тамоми ин чораҳои иттилоотӣ маводҳои махсуси иттилоотӣ ба мардум тақсим карда мешаванд.

Дар баробари иттилоъ додан доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва муҳим будани гигиена, дастрасӣ ба маводи беҳдоштиро низ ба инобат гирифтан лозим аст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо назардошти он ки беморони сил ва ВНМО аз шумори қишрҳои осебпазир мебошанд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ба 1 000 нафар дар саросари Тоҷикистон дар чор марҳила бастаҳои беҳдоштӣ тақсим кард. Дар ин бастаҳо собун, сачоқ, шампун, хокаи  ҷомашӯӣ, маводҳои безараркунӣ ва ниқобҳои тиббӣ ворид буданд.

Тақсими 400 мошинаҳои дарздӯзӣ ба занони ниёзманд самти дигари фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ мебошад, ки  бо дастгирии молиявии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (Federal Ministry for Economic Cooperation and Development, BMZ) амалӣ карда шудааст.

Баҳрагирандагони тарҳи мазкур, ки дар асоси рӯйхати тартибдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба ниёзмандӣ баробари мошинаҳои дарздӯзӣ маводи дигари дӯзандагӣ, аз ҷумла матоъ ва сӯзану ришта гирифтанд.

Дар доираи фаъолиятҳои худ Ҷамъият ба 300 нафар гирифторони бемории ВНМО кумакҳои нақдӣ ва ваучерӣ расонид, ки маблағи он ба як нафар 500 сомониро ташкил дод ва дар панҷ марҳила ба ҳар як нафар ба маблағи умумии 2500 сомонӣ кумак расонида шуд.

Дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар, бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии паҳншавии коронавируси нав “COVID-19” дар Тоҷикистон ва расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми ниёзманди кишвар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар иқдоми хайривиро тавассути Ҷамъият анҷом медиҳад.

Маблағи умумии кӯмаки мазкур 20 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва барои харидории бастаҳои гигиенӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ, пешбинӣ карда шудааст.

Тибқи нақша як қисмати маводҳои мазкур, аз лиҳози бастаҳои гигиенӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат ва ҳамзамон ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе тақсим карда мешаванд.

Имрӯз ин кӯмак ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” (воқеъ дар маҳалаи Зарафшони шаҳри Душанбе), Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ва  Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов (маъмул ба якум Советский) ва тақсим карда мешавад.

Кӯмаки мазкур ба ҳар як муассисаи тиббӣ аз 50 бастаи гигиенӣ, 500 адад ниқоби тиббӣ ва 50 адад маҳлули безараргардонӣ иборат аст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь