27-уми апрел Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллев дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт. Актёрро рӯзи 28-уми апрел дар Оромгоҳи Лучоб дар Душанбе ба хок супориданд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев солҳо дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 1994 дар Театри миниатюраи «Оина» фаъолият дошт.

Дар театру кино беш аз 100 нақш офаридааст.

Асланшоҳ Раҳматуллоев 23 сентябри соли 1954 бадунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст, аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи «Оина» мебошад. Дар «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст.

Нақшҳои иҷрокардааш дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телеканали НТВ) ва ғайра хотирмонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь