Дар ноҳияи Ашт, ки минтақаҳои куҳӣ зиёд дорад, барои парвариши чорвои хурди шохдор шароити  мусоид фароҳам мебошад. Гарчанде парвариш ва нигоҳубини чорво мушкили худро дошта бошад ҳам, сокинон барои рӯзгоргузаронӣ ин роҳро пеша кардаанд.

Солҳои охир аз сабаби боришоти кам алафҳои саҳроӣ дар чарогоҳҳо кам рӯйидаанд. Дар фасли баҳор алаф барои чорво зиёд аст, аммо барои зимистонгузаронӣ дар саҳро мушкилоти нарасидани хӯроки чорво пеш меояд. Махусана, ҳангоми боридани барфи бисёр, ба чӯпон барои додани хӯроки иловагӣ ба 100 то 200 сар чорво хеле гарон меафтад.

Ҳоло дар ноҳияи Ашт парвариши бузи ангор ва истеҳсолу содироти пашми он ба хориҷи кишвар чашмрас мебошад. Дар ин самт тоҷироне ҳастанд, ки пашмро аз сокинон ҷамъоварӣ карда ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Русия мабаранд.  Арзиши пашм ҳар сол ба ҳар қиммат муайян карда мешавад. Соли гузашта 1 кило пашми босифат то 60 сомонӣ арзиш дошт, имсол он  то ба 100 сомонӣ расидааст.

Пашми бузи ангорро барои бофтани либос истифода мекунанд, ки онро русҳо бештар ба кор мебаранд, аз ин хотир талабот ба ин пашм дар Русия зиёд аст.

Саодат Исмоилӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь