Дар партави ташаббуси раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода хоҳиш ва пешниҳод ба кулли сокинони ноҳия

Ҳамдиёрони басо боҳиммату ташаббускор, мардуми сарбаланди ноҳияи азизам Ашти овозадор, имрӯзҳо пешрафту ободкории ноҳияи мо боис ба зиндагии зебову осудаи мо бошандагонаш гаштааст. Орзуи ҳамаи мо сокинон ин бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар роҳи марказии Ашт-Хуҷанд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон навиди мумфарш кардани роҳи Ашт-Хуҷандро ба мо расонданд, ки аз хурд то бузурги ноҳия онро бо хушнудӣ истиқбол кардем. Биёед якҷо сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳияамонро дастгирӣ намуда, барои мумфарш гаштани роҳ саҳми арзандаи худро гузорем ва орзуи ҳар як сокини ноҳияро ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ кунем.

Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки ташаббуси ҷамъ овардани маблағ барои бо асфалти гарм мумфарш кардани роҳ оғоз гаштаву соҳибкорон ин иқдомро аввалин шуда дастгирӣ намуданд ва ҳоло ҷамъоварии маблағ шурӯъ шудаву он идома дорад. Агар мо бо соҳибкорон ҳамроҳ шавем ва ин ташаббусро идома диҳем, бешак бовар мекунам, ки барои ҳар чи тезтар мумфарш кардани роҳ мусоидат мекунем.

Агар ҳар сокини ноҳия бо хоҳиши худ ба қадри имкон ин ташаббусро дастгирӣ намояд, барои амалӣ сохтани орзуи чандинсолаи худ саҳми арзандаи хешро мегузорад. Мо хуб медонем, ки ободии ин роҳ пеш аз ҳама барои беҳбудии кору зиндагии мо сокинон равона карда шудааст. Дар урфият мегӯянд: “Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад”. Ҳар як сомонии мо моро ба ҳадафи созандаамон наздик мекунад.

Ман ҳамчун як сокини ин ноҳия мушоҳида мекунам, ки сатҳи некӯаҳволии мо сол то сол рӯ ба беҳбуд аст. Далели ин гуфтаҳо дар баъзе аз оилаҳо доштани аз як то се автомашинаи сабукрав аст.

Биёед мо низ иқдоми созандаи Пешвои миллат ва соҳибкоронамонро дастгирӣ мекунем ва барои расидан ба орзуи деринаамон тезтар ҷаҳд мекунем!

Иттифоқ будани мо боиси пешравӣ ва ободии мост!

Саодат Исмоилӣ,

рӯзноманигор, сокини ноҳияи Ашт

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here