Дар ноҳияи Ашт соли 2021-ум 44 ҳолати гирифтории аҳолӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Ин омор нисбат ба соли гузашта дар ҳудуди ноҳия зиёд мебошад.

Пизишк Зафар Дадоҷонов, сардори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт, мегӯяд, дар ҳама ҷамоатҳои ноҳия гирифторӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст ва кӯшиш мекунанд, беморонро сари вақт дарёбанд ва барои муолиҷаи бемор оғоз кунанд.

– Мардуми мо одатҳои аҷиб дорад, намехоҳанд сирри оилаашон ба берун барояд. Аз ин хотир бемориро пинҳон мекунад, ки ин ба аҳли хонавода пайомади нохуш дорад. Беморӣ дар тани инсон бо хоҳиши шахс пайдо намешавад, аз ин рӯ, гирифторӣ ба бемории сил низ бо хоҳиши инсон намешавад. Инро бояд шахси бемор ва атрофиёни ӯ хуб дарк кунанд. Мо дар чорабиниҳои иттилоотии худ вобаста ба боло бардоштани маърифати мардум дар бораи бемории сил маълумот медиҳем, вале боз шахсоне пайдо мешаванд, ки бемориро пинҳон мекунанд, – иброз медорад Зафар Дадоҷонов.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баъзан беморон вақте муроҷиат мекунанд, ки аллакай аз беморияшон чандин моҳ гузаштааст.

– Ҳарчи қадар дер аз беморӣ огоҳ шавед, табобат ҳамон қадар дурудароз мешавад. Аз ин хотир, бояд барои табобати бемории сил зуд шурӯъ кард, – мегӯяд пизишк.

Нишонаҳои гирифторӣ ба бемории сил ин сулфаи аз 2 ҳафта зиёд, таби бегоҳирӯзӣ, арақкунии шабона ва беиштиҳоиву беқувватӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳар шахсе, ки аз ду ҳафта зиёд сулфаро дар худ эҳсос кард, бояд аз ташхиси бемории сил гузарад.

Кормандони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт мегӯянд, ки табобати бемории сил ва доруҳои зиддисилӣ дар ноҳия ва умуман, дар кишвар пурра ройгон аст.

– Ҳар шахс бояд барои саломатии худ ва атрофиёнаш бетараф набошад. Бояд дар як сол ҳадди ақал як ё ду маротиба аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузарад, аз он ҷумла бемории сил. Ин ҳам барои худ ва ҳам барои атрофиён ҳаётан муҳим мебошад, чун ҳамеша пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Мо дар якҷоягӣ бо сари вақт дарёфт кардани беморон ва табобати барвақтии онҳо метавонем ҷомеаи худро аз бемории сил пок созем, – мегӯяд табиб Зафар Дадоҷонов, сардори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ашт.

Саодат Исмоилӣ,

узви Гурӯҳи коршиносони эҷодии ҳамкорони пешгирии сил

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь