Аз 1 то 7-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Наврӯз” бо иштироки ҳайатҳои театрии кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ин ҷашнвора бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди санъати театрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маросими ифтитоҳи Ҷашнвора 2-юми майи соли 2025, соати 17:30 ва маросими пӯшидашавӣ  6-уми майи соли 2025, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Театрҳои ширкаткунанда намоишҳои худро дар толорҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорони санъати волои театрӣ мегардонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь