Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон, гуфтааст, ки ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистонро 22-юми май тариқи мошин ба зодгоҳашон, ноҳияи Қубодиён, фиристодаанд.

Ҷасадҳоро “бо урфу одати мусалмонӣ шуста, кафан карданд ва баъдан барои дафн фиристоданд. Соли 2024 ҷасади 60 ва имсол турбати 36 шаҳрванди Тоҷикистонро ба зодгоҳашон фиристодем. Як қисми онҳо ҳангоми рафтан ба Русия дар роҳ фавтиданд ва як қисми дигар дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Агарчӣ кори Маркази мо асосан ба тоҷикони худи Қазоқистон равона шудааст, вале мо кӯшиш мекунем, ки ба муҳоҷирони тоҷик ҳам кӯмаки худро дареғ надорем”,-гуфтааст Акбарҷон Исмоилов.

Субҳи 20-уми май дар пайи бархӯрдани мошини “Форд Транзит” ба мошини боркаш дар Қазоқистон, 6 муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 5 каси дигар захмӣ гардиданд. Аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин аст.

Фавтидаҳо Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола буданд. Фавтидаҳо ва захмиён сокинони деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён будаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь