Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҷасади як ноболиғи 16-соларо, ки рӯзи 3 июни соли равон дар об ғарқ шуда буд, пас аз 6 рӯзи ҷустуҷӯ пайдо карданд.
Аз Раёсати мазкур иттилоъ доданд, ки писарбачаи 16-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Сафеддашти ноҳияи Вахш 3-юми июни соли 2025, тахминан соати 14:30 ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари Сталин дар об ғарқ шудааст. Худи ҳамон рӯз бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз маҷмуи таҷҳизотҳои ғаввосӣ, қайқи резинӣ бо муҳаррик, камераи зериобии CHASING M2 PRO MAX корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти рӯиобиву зериобиро роҳандозӣ карданд. Ҷустуҷӯ чанд рӯз идома дошт ва ниҳоят рӯзи 9-уми июн, соати 15:02, тахминан 500-550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд.