Дар таркиши Маркази табобатии “Оби шифобахш”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дод. Ҳоло гуфта нашудааст, ки ин шаш нафар аз ҷумлаи беморон буданд, ё шаҳрвандони солим.
Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январи соли 2022 рух додааст ва ин шаш нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Духтурон мегӯянд аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст. Иллати таркиш ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.
Рӯзи 05.01.2022, соати 12:00, мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шуданд. Ташхис нишон додааст, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази пропан мавҷуд будааст.