Кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ шаш нафар мансабдорро барои риоя накардани қоидаҳои кашонидани партов ва безараргардонии онҳо ба маблағи беш аз 18 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Сардори ниҳоди мазкур Маҳмадшариф Мирзозода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки онҳо директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳр, собиқ роҳбари Корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар, ду раиси кумитаи маҳалла, мутахассиси бахши манзилию коммуналии мақомоти шаҳр  ва як масъули КФД “Таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳри Бохтар”-ро ба маблағи 18 ҳазору 300 сомонӣ дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҷарима карданд.

Ӯ афзуд, ки 5 нафар аз ин масъулонро 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 1500 сомонӣ ҳар яке аз онҳо ва директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳрро 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карданд, ки аз инҳо як нафараш ихтиёрӣ маблағро супоридааст ва боқимонда тариқи суд маблағро пардохт карданд.

Дар умум аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ нисбати 96 нафар ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, ки аз ин 51 ҳазору 957 ҳазораш ситонида шудааст.

Манбаъ илова кард, ки қисмате аз ин ҷаримаҳо дар соли гузашта баста шуда буданд ва маблағи онҳо дар соли равон пардохт шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь