Мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳаракати автобусҳои байни ду кишварро, ки қаблан бар асари пандемии коронавирус мутаваққиф шуда буд, дубора барқарор карданианд.

Дар ин бора зимни ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии миёни ду кишвар маълум карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баррасӣ карданд. Вакилони ҳарду мамлакат  дар ҳайатҳои густарда рафти ичрои созишномахои якҷояеро, ки дар ин соҳа ба имзо расидаанд, таҳлил ва баррасӣ намудаанд.

Ғайр аз ин, дар хабари дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр шудааст, ки ширкаткунандагони мулоқот дурнамои рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чинро низ баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати мунтазами автобусҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар авоили солҳои  90-уми қарни гузашта қатъ шуда буд ва далели он  оғози ҷанги шаҳрвандӣ  дар қаламрави Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.

Баъди ташрифи аввали президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва ташрифи ҷавобии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамҷавор комилан тағйир ёфт ва рӯ ба нармӣ овард. Ҳарду мамлакат дарвозаҳои худро ба рӯи шаҳрвандони якдигар боз намуданд.

15 майи соли 2018 ҳаракати автобусҳои байни кишварҳо дубора аз сар гирифта шуд. Вале пахши пандемия мунҷар ба он гардид, ки равуои автобусҳо баъди як сол боз қатъ гардад.

Як қатор маҳдудиятҳои байни ду кишвар аз 1 сентябри соли гузашта тадриҷан бардошта шуданд. Баъди чанд муддат дар байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд як хатсайри автобуси мусофирбарӣ оғоз шуд ва ҳоло он мусофиронро аз Тошканд ба Хуҷанд ва аз Хуҷанд ба Тошканд интиқол медиҳад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь