Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар бораи аз нав ба роҳ монда шудани ҳаракати автобусҳо бо хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд хабар дод. Ин хабарро дар автовокзали “Тошканд”-и шаҳри Тошканд низ тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, ҳар рӯз бо ин хатсайр ду маротиба автобус аз Тошканд ҷониби Хуҷанд  ва аз Хуҷанд ба Тошканд ҳаракат мекунад. Қаблан низ байни Тошканду Хуҷанд равуои автобусҳо ба роҳ монда шуда буд, вале ба иллати пахши коронавирус фасли баҳори соли гузашта ҳаракат аз тариқи ин хатсайр мутаваққиф шуд.

Тавре дар автовокзали “Тошканд” ба мухбири “Фараж” гуфтанд, ҳаракати автобус дар ин хатсайр аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон, яъне 26 октябр, дубора ба роҳ монда шуд. Ҳар автобус бо гунҷоиши 47 мусофир масофаи байни Тошканду Хуҷандро рӯзона ду маротиба тай хоҳад кард.

Кашонидани мусофиронро ширкатҳои нақлиётии “Ӯзавтотранс сервис” ва “Азия Групп” аз ҳар ду ҷониб бар дӯш доранд. Нархи сафар ба як самт 100 ҳазор сӯм ё муодули 100 сомониро ташкил мекунад.

Мусофирон дар зарфи 4-5 соат аз Тошканд ба Хуҷанд ва ё аз Хуҷанд ба Тошканд мерасанд. Онҳое, ки коронавирус воксан накардаанд, дар даст бояд оид ба натиҷаи ПТСР маълумотнома дошта бошанд. Шахсоне, ки гувоҳнома гирифтаанд, бидуни монеа худро аз як манзил ба манзили дигар расонида метавонанд.

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик миёни шаҳрҳои дигари Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳаракати нақлиёти мусофиркашон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь