Аз тарафи фонди хайриявии Арабистони Саудӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо харҷи 8 миллион сомонӣ мактаб сохта мешавад.
Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов дар нишасти матбуотӣ ба ВАО хабар дод, ки муассисаи таълимии мазкур барои 480 хонанда сохта мешавад.
– Дар муассисаи таълимӣ хобгоҳу ошхона ва дигар шароити хуб барои хонандагон пешбинӣ шудаанд, ки дар арафаи анҷомёбӣ аст, – илова кард раиси ноҳия.
Блоки рекламавӣ