Кохи Сафед мегӯяд, “бузургтарин созишномаи фурӯши дифоъ дар таърих” миёни Амрико ва Арабистони Саудӣ дар рӯзи аввали сафари Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Ховари Миёна имзо шудааст. Чанд созишномаи иқтисодӣ низ баста шуданд.
Трамп дар чаҳорчӯби сафари худ ба Ховари Миёна ба ҷуз аз Арабистони Саудӣ аз Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб дидан мекунад. Ин нахустин сафари расмии хориҷии Трамп пас аз бозгашт ба раёсати ҷумҳурии Амрикост.
Бино ба баёнияи Кохи Сафед, ин муомилоти таслиҳотӣ ба маблағи 142 миллиард доллар аст ва ба Арабистони Саъудӣ интиқоли “таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва хидматрасонӣ” аз даҳҳо ширкати дифоии Амрикоро дар бар мегирад, хабар медиҳад ВВС.
Маҷмуи созишномаҳо ҳамчунин “барномаи густурдаи омӯзишӣ ва пуштибонӣ барои таҳкими тавонмандии нерӯҳои мусаллаҳи Арабистони Саудиро”, ки рушди академияҳои низомӣ ва хадамоти тиббии низомиро ташкил медиҳад, дар бар мегирад.
Дар баёнияи матбуотии Кохи Сафед созишномаҳои дигари рӯзи сешанбеи 13-уми май ба даст омада низ номбар шудаанд. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ уҳдадор шудааст, ки ба иқтисоди Амрико 600 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.